Ховалинг: Маҷбур намудан ба тарки сафҳои ҲНИТ барои маълумотнома

Масъулини ҷамоати Чонбахт»-и ноҳияи Ховалинг барои додани маълумотнома як сокини маҳаллиро ба тарки сафҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҷбур кардаанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, падари ҳамин оила гуфтааст, агар фарзандашро аз ҳизб набарорад, мушкилот болои наберагонаш сар мезадааст, зеро фарзандаш барои гирифтани маълумотнома аз ҷои истиқомат назди раиси ҷамоъат рафта, дархост намудааст, вале […]

ASIA-Plus


Масъулини ҷамоати Чонбахт»-и ноҳияи Ховалинг барои додани маълумотнома як сокини маҳаллиро ба тарки сафҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҷбур кардаанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, падари ҳамин оила гуфтааст, агар фарзандашро аз ҳизб набарорад, мушкилот болои наберагонаш сар мезадааст, зеро фарзандаш барои гирифтани маълумотнома аз ҷои истиқомат назди раиси ҷамоъат рафта, дархост намудааст, вале раиси ҷамоъат рад карда гуфтаааст, ки «агар аз Ҳизби Наҳзат расман набароед барои шумо маълумотнома дода намешавад».

Гуфта мешавад, ӯ ба пеши масъулини наҳзат дар ноҳияи мазкур омада шикоят намудааст, ки бо ҳамин сабаб қасди тарк намудани Наҳзатро надорад, вале хоҳиш намудааст, ки фарзандашро аз сафи ҳизб хориҷ намоянд.

Масъули бахши ҳизбии ноҳия гуфтааст, «мо ҳам ноилоҷ маълумотномаи аз ҳизб хориҷ шудани номбурдаро додем. Вале дар ҳоле, ки мо дар кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд зиндагонӣ дорем, ин ноадолатиҳо чаро бояд хотима наёбад?».

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ҲНИТ бар ин назар аст, ки фишори афзоянда болои ҳизб ба рӯҳияи «Протоколи 32-20» созгор аст, ки стенограммаи ҷаласаи махфии ҳукумати ҷумҳурӣ номида шуда, баҳори соли 2012 ба ВАО роҳ ёфт. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он ва ҳамчунин роҳҳои аз сафҳои ҳизб хориҷ шудани аъзои он тадбирҳо андешанд.

Қобили зикр аст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ дар саросари кишвар беш аз 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз соли 2000 ду тан аз намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумони кишвар фаъолият доранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.