«Барқи тоҷик» аз вазъи «Сангтӯда-2» огаҳӣ надорад

Дар шарҳи масъалаи эҳтимоли қатъи фаъолияти ягона агрегати мавриди истифода қарордоштаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳор намуданд, ки истеҳсоли нерӯи барқ дар низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ усутвор буда, оид ба ин масъала имрӯз мушкилоте ҷой надорад. Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз вазъ дар нерӯгоҳи мазкур огаҳӣ […]

Заррина Эргашева


Дар шарҳи масъалаи эҳтимоли қатъи фаъолияти ягона агрегати мавриди истифода қарордоштаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳор намуданд, ки истеҳсоли нерӯи барқ дар низоми электроэнергетикаи ҷумҳурӣ усутвор буда, оид ба ин масъала имрӯз мушкилоте ҷой надорад.

Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз вазъ дар нерӯгоҳи мазкур огаҳӣ надоранд, «аммо вазъи умумии низоми энергетикии кишварро пайгирӣ дошта, шабонарӯзи ахир ҳеҷ мушкилоте дар ин самт пеш наомадааст».

Ҳамин тариқ, дар «Барқи тоҷик» маълумот дар бораи аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»-ро тасдиқ ҳам накарданду инкор ҳам. Дар ширкати «Сангоб», корхонаи масъули идораи нерӯгоҳ низ вазъи мавҷударо шарҳ доданӣ нестанд.

Саид Асғарӣ, намояндаи ширкати «Сангоб» дар Тоҷикистон аз шарҳи қазия худдорӣ варзида, изҳор кард, ки бо ин масъала ба ширкати «Барқи тоҷик» мебояд муроҷиат кард.

Дар навбати худ, Ёдгорӣ аз шарҳи масъалаи қарздории ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» низ худдорӣ варзид, ки тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, имрӯз ба 133 млн. сомонӣ (27,8 млн. $ ) расидааст.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» чӣ гуна ҳал шудани масъалаи пардохти қарз, таҳияи реҷа ва ҳаҷми пардохти марҳила ба марҳилаи онро низ шарҳ надоданд.

«Нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» корхона алоҳида аст ва мо ба онҳо ҷавобгӯ нестем», – мегӯяд Ёдгорӣ ва ин ҳам дар ҳолест, ки тамоми нерӯи барқи дар ин нерӯгоҳ истеҳсолшуда баҳри эҳтиёҷоти Тоҷикистон – ба низоми энергетики ягонаи ҷумҳурӣ равона гардида, бевосита аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» тақсим карда мешавад.

«Муҳим он аст, ки интиқоли нерӯи барқ идома дошта, лимити истифодаи барқи аз ҷониби ҳукумат тасдиқшуда риоя мешавад, – иброз дошт – сухангӯи ширкат. – Лимит на аз рӯи соат, балки аз рӯи кВт/соат риоя мешавад, яъне ба ин ё он минтақа ҳаҷми муайяни барқ интикол дода шуда, мақомоти иҷроияи ин маҳал мувофиқи салоҳдиди худ онро тақсим мекунад».

Қаблан иттилоъ дода будем, ки қарзи Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» имрӯз аллакай ба 133 млн. сомонӣ (27,8 млн. $) расида, дар баробари нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» раҳбарияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» низ аз ширкати «Барқи тоҷик» тақозо намуд, ки қарзро тадриҷан пардохт кунад, вагарна нерӯгоҳ аз низоми ягонаи энергетикии Тоҷикистон ҷудо гардида, фаъолияти худро

қатъ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.