«Барқи тоҷик»: Сарфи назар аз сардиҳо, лимит шадид нашудааст

Ширкати «Барқи тоҷик» итминон медиҳад, ки сарфи назар аз сардиҳои фарорасида, ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи шадид намудани реҷаи маҳдуди истифода барқ дастур надодааст. Дар изҳороти имрӯз интишоргардидаи ширкат дар ин робита зикр мегардад, ки реҷаи интиқоли барқ, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, комилан аз ҷониби ширкат риоя карда мешавад. «Лимит на аз рӯи соат, […]

Аваз Юлдошев


Ширкати «Барқи тоҷик» итминон медиҳад, ки сарфи назар аз сардиҳои фарорасида, ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи шадид намудани реҷаи маҳдуди истифода барқ дастур надодааст.

Дар изҳороти имрӯз интишоргардидаи ширкат дар ин робита зикр мегардад, ки реҷаи интиқоли барқ, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, комилан аз ҷониби ширкат риоя карда мешавад.

«Лимит на аз рӯи соат, балки аз рӯи кВт/соат риоя мешавад, яъне ба ин ё он минтақа ҳаҷми муайяни барқ интикол дода шуда, мақомоти иҷроияи ин маҳал мувофиқи салоҳдиди худ онро тақсим мекунад. Ин маънои онро дорад, ки агар нерӯи барқ сарфакорона истифода шавад, он ба муддати зиёдтаре кифоя хоҳад буд, яъне нишондиҳандаи вақти нерӯи барқ шартӣ аст», – таъкид мекунанд дар ширкат.

Ба иттилои манбаъ, дар моҳи аввали ҷорӣ шудани лимит (ноябр) ба истеъмолгарон 1 млрд. 271 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки нисбат ба реҷаи қаблан тасдиқшуда 51 млн. кВт/соат зиёдтар аст. «Дар манотиқе, ки ба истифода нерӯи барқ сарфакорона муносибат намуданд, нерӯи барқ ба муддати тӯлонитаре барояшон дастрас буд», – иброз мекунанд дар ширкат.

Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми ноябр ширкати «Барқи тоҷик» реҷаи истифодаи маҳдуди барқ дар манотиқи кишварро ҷорӣ намуд. Аз ин ба баъд интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзона аз соати 09:00 то 17:00 ва шабона аз соати 22:00 то 05:00 қатъ карда мешавад. Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл надорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.