Кумаки САҲА ба Тоҷикистон дар нобуд сохтани аслиҳаи сабуки оташфишон

Date:


Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ба назорат аз болои амалиёти нобуд сохтани беш аз ҳазорон адад аслиҳаи сабуки оташфишон, ки аз аҳолӣ мусодираву ҷамъоварӣ ва ё аз пинҳонгоҳҳои махфӣ дарёфт шудааст, оғоз намуд.

Бино ба иттилои Дафтари САҲА дар ҶТ, ин амалиёт дар Раёсати таъминоти моддиву тхникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои буридани аслиҳа САҲА техникаи махсус пешкаш кардааст, ки тавассути он мутахассисони вазорат муддати ду ҳафта дар маҷмӯъ 1165 адад аслиҳаро нобуд месозанд.

«Назорат аз болои аслиҳа мавзӯи муҳими рӯзномаи САҲА буда, яке аз масоили афзалиятноки Дафтари САҲА дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад», – изҳор доштааст зимни боздид аз коргоҳи нобудсозии аслиҳа иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Раёсати низомиву сиёсии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Эрдал Дуздабан.

Намояндаи ВКД ҶТ генерал-майор Фарҳод Шодмонбеков бар ин назар аст, ки сарфи назар аз сол то сол коҳиш ёфтани шумори аслиҳаи мусодирашуда, то ҳанӯз дар ҷумҳурӣ пинҳонгоҳҳои махфии аслиҳаву муҳимот дарёфт мегарданд. «Дастгирии доимии САҲА, ки ба баланд бардоштани имконоти кишвар дар нигаҳдорӣ ва нобуд сохтани аслиҳа равона шудааст, барои Тоҷикистон аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст. Мо ба идомаи ҳамкориҳои муштарак дар бахши таъмини амният дар ҷумҳурӣ умедворем», – гуфт номбурда.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...