Густариши ҳамкориҳои БМТ бо «Коммерсбонк»-и Олмон

Дар вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо ҳайати намояндагии бонки олмонии «Коммерсбонк» таҳти сарварии ҷаноби Бодо Тиюнс ҷанбаъҳои гуногуни вусъат додани ҳамкориҳои самаровари тарафайн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни мулоқоти судманд масъалаҳои васеъ кардани ҳамкориҳои дуҷониба дар хизматгузории бонкӣ, молиявӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ мавриди муҳокима […]

ASIA-Plus


Дар вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо ҳайати намояндагии бонки олмонии «Коммерсбонк» таҳти сарварии ҷаноби Бодо Тиюнс ҷанбаъҳои гуногуни вусъат додани ҳамкориҳои самаровари тарафайн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни мулоқоти судманд масъалаҳои васеъ кардани ҳамкориҳои дуҷониба дар хизматгузории бонкӣ, молиявӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Меҳмонон дар мавриди тақвияти бонкҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон, боло бурдани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ибрози назар карданд.

Қобили зикр аст, ки «Коммерсбонк» яке аз бонкҳои калонтарин дар Аврупо ба шумор рафта, фаъолияти худро аз соли 1870 оғоз бахшидааст ва дар бештари хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявӣ мавқеи пешбарро ишғол менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.