Раисони ноҳияҳои Дарвозу Рӯшони ВМКБ Саидбурҳон Абдураҳмонов ва Худоёр Худоёров ба номзадии вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додоев хабар дод, маъракаи пешбарии номзадҳо ба ҷойи аъзои хориҷшудаи палатаи болоии парлумони кишвар то 11-уми январ идома меёбад ва мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, номзадҳои пешбаришуда аз ҷониби комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳо расо як моҳ қабл аз баргузории интихобот, яъне то 15-уми январ расман ба қайд гирифта мешаванд.
«Имрӯз вакилони маҷлисҳои маҳаллии ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ва Ашти вилояти Суғд низ номзадҳои худ ба аъзогии Маҷлиси миллиро пешбарӣ краланианд», – гуфт Додоев.
Ёдрас мекунем, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки 17-уми декабри соли ҷорӣ баргузор шуд, 9 нафар аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба истеъфо рафтанд.
Собиқ раисони вилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қоҳир Расулзода ва Қодири Қосим ва Хайрулло Асоев бинобар сабаби ба мансабҳои нави давлатӣ таъин шуданашон дар ҳайати ҳукумат ваколатҳои худ дар Маҷлиси миллиро супурданд.
Ҳамчунин собиқ раиси Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, собиқ раиси шаҳри Норак Ҳамид Абдуллоев, собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, собиқ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмамадов, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламо Ғулошоева ва собиқ раиси ноҳияи Дарвоз Шамсмуҳаммад Назриев низ бо хоҳиши худ аз сафҳои палатаи болоии парлумон хориҷ гардиданд.
КМИР Тоҷикистон интихоботи вакилон ба ҷойи аъзои хориҷшудаи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро санаи 15-уми феврали соли 2014 таъин карда шуд.


