Барои анҷом додани корҳои таъмиру омодагӣ нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» фаъоляти худро қатъ намуд.
Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар дода, зикр карданд, ки қатъи кори нерӯгоҳ пешакӣ мувофиқа нашуда, муваққатан аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳ ба масъалаи қарзи «Барқи тоҷик» ба он муносибат надорад.
«Маҳз дар кадом сана ба итмом расидани корҳои таъмиру омодагӣ номаълум буда, вале нерӯгоҳ ҳатман фаъолият хоҳад кард», – гуфтанд дар вазорат.
Қаблан аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳро на дар Вазорати энергетикаву на дар
ширкати «Барқи тоҷик»
ва на дар худи нерӯгоҳ шарҳ надоданд.
Бино ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз нимаи моҳи декабр қатъ шудааст, аммо сабаби аслии онро дар ҳукумат шарҳ намедиҳанд ва аз замони дубора барқарор шудани фаъоляти он низ огаҳӣ надоранд.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки қарзи Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» имрӯз аллакай ба 133 млн. сомонӣ (27,8 млн. $) расида, дар баробари нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» раҳбарияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» низ аз ширкати «Барқи тоҷик» тақозо намуд, ки қарзро тадриҷан пардохт кунад, вагарна нерӯгоҳ аз низоми ягонаи энергетикии Тоҷикистон ҷудо гардида, фаъолияти худро
қатъ мекунад.


