The Bank of Tokyo-Mitsubishi бо БМТ ҳамкорӣ карданист

Бонки бузургтарини Ҷопон The Bank of Tokyo-Mitsubishi United Financial of Japan (UFJ) дар масъалаҳои ҷойгир кунонидани суратҳисобҳои асъорӣ ва рушди муносибатҳои муросилотӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ карданист. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, чанде қабл намояндагони ин бонкҳо барои барпо намудани муносибатҳои муросилотӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар яке аз ҷаласаҳои байналхалқӣ, ки дар хориҷи […]

ASIA-Plus


Бонки бузургтарини Ҷопон The Bank of Tokyo-Mitsubishi United Financial of Japan (UFJ) дар масъалаҳои ҷойгир кунонидани суратҳисобҳои асъорӣ ва рушди муносибатҳои муросилотӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ карданист.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, чанде қабл намояндагони ин бонкҳо барои барпо намудани муносибатҳои муросилотӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар яке аз ҷаласаҳои байналхалқӣ, ки дар хориҷи кишвар баргузор гардида буд, мулоқот доир намуданд.

«Барои Тоҷикистон ин маънои онро дорад, ки боз яке аз бонкҳои бузурги ҷаҳон ба иқтисоди кишвар хизматгузорӣ пешниҳод менамояд. Ояндаи наздик бо ин бонк созишномаи ҳамкорӣ ба имзхо хоҳад расид», – хабар доданд аз БМТ.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз БМТ дар Бонки федералии захиравии Амрико, ВТБ Русия, «Коммерсбанк»-и Олмон, «Дойче банк»-и Олмон, «Межгосбанк»-и Русия ва ғайра суратҳисобҳои асъорӣ дорад.

The Bank of Tokyo-Mitsubishi United Financial of Japan яке аз бузургтарин бонкҳои Ҷопон аст. Шабакаи байнулмилалии бонк дар 40 кишвари дунё намояндагӣ дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.