Барқарор шудани равуои автобусҳои Asian Express баъди таваққуфи якмоҳа

Пас аз таваққуфи якмоҳа равуои автобусҳои ширкати Asian Express дубора барқарор шуд. Аз ҶСК «Холдинг Конт Групп Тоҷикистон» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз 30 адад автобуси мавҷуда алҳол 10-тоаш бо 6 хатсайр – аз Душанбе ба Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Данғара, Шаҳритӯс, Восеъ ва Панҷ ба фаъолият оғоз намуданд. «Пас аз санҷиши […]

Заррина Эргашева


Пас аз таваққуфи якмоҳа равуои автобусҳои ширкати Asian Express дубора барқарор шуд.

Аз ҶСК «Холдинг Конт Групп Тоҷикистон» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз 30 адад автобуси мавҷуда алҳол 10-тоаш бо 6 хатсайр – аз Душанбе ба Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Данғара, Шаҳритӯс, Восеъ ва Панҷ ба фаъолият оғоз намуданд.

«Пас аз санҷиши техникӣ равуои автобусҳо аз Asian Express Terminal шурӯъ шуд, вале макони истгоҳи онҳо корхонаи таксомотории №1 аст, ки дар қаламрави мавзеи Лучоб воқеъ аст. Тадриҷан дар автобусҳо таҷҳизоте гузошта хоҳад шуд, ки тавассути он мусофир аз дохили автобус билет дастрас карда метавонад», – гуфтанд дар ширкат.

Қаблан автобусҳо ба 12 самт ҳаракат мекарданд ва аз ширкат дар ин робита изҳор намуданд, ки тадриҷан тавассути ҳамаи хатсайрҳо равуо барқарор мешавад, вале самтҳои Душанбе-Ёвон ва Душанбе-Ҳисор барои ширкат худкифо ва даромадовар нестанд, ки ба қатъи ҳаракат дар ин самтҳо боис мегардад.

Зикр гардид, ки ширкат 40 автобуси тамғаи «MAN»-и истеҳсоли Олмонро дар ихтиёр дорад, ки 10-тоаш дар вилояти Суғд ва боқимонда 30-тоаш дар пойтахт фаъолият доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.