Бинобар сабаби фаромадани тумани зич, дар ҷадвали парвозҳои Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) тағйирот ворид гардид.
Тавре сухангӯи ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, ҳарчанд фурудгоҳи Душанбе барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо пурра омода аст, аммо нишастани ҳавопаймоҳо бо қарори сарнишинони ҳавопаймоҳо сурат гирифта, аксари ҳавопаймоҳое, ки ҷониби фурудгоҳи Душанбе парвоз мекарданд, бинобар мутобиқ набудани меъёри биниш, дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Самарқанд нишастанд.
«Рейси №203 Душанбе – Санкт Петербург, ки бояд соати 21:30 парвоз мекард, алъон дар Душанбе қарор дорад. Рейси №114 хатсайри Урумчи – Душанбе, ки бояд соати 22:30 дар фурудгоҳи Душанбе менишаст, дар фурудгоҳи Хуҷанд қарор дорад. Рейси №6019 хатсайри Урумчи –Душанбе, ки бояд соати 23:00 дар фурудгоҳи Душанбе менишаст, дар фурудгоҳи Урумчи қарор дорад. Рейси №202 Москва (Домодедово)-Душанбе, ки бояд соати 24:00 дар фурудгоҳи Душанбе менишаст, ҳоло дар фурудгоҳи Хуҷанд қарор дорад. Рейси №803 Москва (Внуково) –Душанбе, ки бояд соати 03:00 менишаст, ҳоло дар фурудгоҳи Хуҷанд қарор дорад. Рейси №885 Санкт Петербург-Душанбе, ки бояд соати 01:00 фуруд меомад, дар фурудгоҳи шањри Самарқанд қарор дорад», – иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки бино ба иттилои обуҳавошиносон, тумани ғафс дар фазои фурудгоҳи Душанбе эҳтимол то соатҳои 10-11 боқӣ монад. «Бо барканор рафтани туман қабул ва парвози ҳавопаймоҳо шурўъ хоҳанд шуд. Мусофирони зиёде, ки алъон парвозашон мавқуф гузошта шудааст, вазъияти баамаломадаро дуруст дарк карда, кушода шудани ҳаворо интизоранд», – гуфт Шодиев.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷониби фурудгоҳи Душанбе барои мусофирон ҳама шароит муҳайё карда шуда, нуқтаҳои фурӯши хмаҳсулоти ғизойӣ, хонаи модару кӯдак, толорҳои интизорӣ, толори сабти номи мусофирон, толори тиҷорӣ (CIP) ва дигар хизматрасониҳо муҳайё карда шудааст.


