Баъди як ҳафта тоҷикону қирғизҳо марзро ҳамроҳ посбонӣ мекунанд

Чанде қабл дар шаҳри Исфара вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид, ки дар он масоили ҳамкории мутақобилаи мақомоти қудратии кишварҳо дар таъмини тартибот дар қаламравҳои наздимарзии давлатҳо баррасӣ шуданд. Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев дар суҳбати телефонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар шаҳри Исфара вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид, ки дар он масоили ҳамкории мутақобилаи мақомоти қудратии кишварҳо дар таъмини тартибот дар қаламравҳои наздимарзии давлатҳо баррасӣ шуданд.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев дар суҳбати телефонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-майори милиса Искандар Раҷабов ва ҳайати Қирғизистонро муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал-майори милиса Курсан Асанов роҳбарӣ доштанд.

Ба гуфтаи Тешаев, ба ҳайатҳо ҳамчунин фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳо, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Ботканд ва раисони навоҳии наздимарзӣ низ шомил буданд.

«Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид протокол ба имзо расид, ки мутобиқи он, аз ҳисоби марзбонон ва кормандони милисаи ҳарду кишвар гурӯҳҳои посбонии муштарак таъсис дода шуда, ҷонибҳо ҷиҳати дар муддати як ҳафта мувофиқа кардани ҳайати гурӯҳҳои посбонии муштарак ва самтҳои ҳаракати онҳо тавофуқ ҳосил намуданд», – иброз дошт котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара.

Ёдрас мекунем, ки дар

мулоқоти

ҳайатҳои роҳбарони комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ таҳти роҳбарии муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов, ки рӯзи 7-уми январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, масоили танзими вазъ ва ҳамкориҳои судманд дар марзи давлатӣ баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ низ баррасӣ шуда, нақшаи вохӯриҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба ин масъала дар соли 2014 муайян карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?