Ватанов: Тағйирот ба қонуни интихобот афзоиши шумор дар рӯйхатҳои ҳизбиро пешбинӣ мекунад

Тағийроти пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон» оид ба афзоиши рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ аз аҳзоби сиёсӣ аз 30% то 45% маънои онро надорад, ки аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ ба ҷойи 22 вакили кунунӣ 28 нафар вакилон интихоб мешаванд. Ин нуктаро ба хабаргузории ОИ «Азия-Плюс» муаллифи тағйироти зикршуда, раиси Кумитаи МНМО […]

Аваз Юлдошев


Тағийроти пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон» оид ба афзоиши рӯйхати номзадҳо ба вакилӣ аз аҳзоби сиёсӣ аз 30% то 45% маънои онро надорад, ки аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ ба ҷойи 22 вакили кунунӣ 28 нафар вакилон интихоб мешаванд. Ин нуктаро ба хабаргузории ОИ «Азия-Плюс» муаллифи тағйироти зикршуда, раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, вакил Маҳмадалӣ Ватанов иброз дошт.

Ба гуфтаи ӯ, афзоиши шумор дар рӯйхатҳои аҳзоби сиёсӣ ба онҳо ба зиёдтар пешбарӣ кардани номзадҳо ҳуқуқ дода, имкони захираи бештар доштан барои ивази вакилони хориҷшуда аз ҳизбро фароҳам месозад.

«Ғайр аз ин, дар лоиҳаи тағйирот масоили танзими ҷараёни иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихобот, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд, низ пешбинӣ шудааст. Тибқи он, қитъаҳои интихоботии дар хориҷи кишвар таъсисёфтаро роҳбарони намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин давлатҳо сарварӣ мекунанд. Мутобиқи меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ, дар қитъаҳои интихоботӣ аз 30 то 3 ҳазор нафар инитихобкунадагон раъй дода метавонанд, аммо дар тағийрот бекор кардани ин талабот барои қитъаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар пешниҳод мешавад, ки акнун дар ин қитъаҳо шумори зиёди интихобкунандагон овоз дода метавонанд», – таъкид дошт Ватанов.

Дар идома намояндаи мардумӣ зикр кард, ки мутобиқи лоиҳаи тағйироту иловаҳо, ҳаҷми гаравпулии интихоботӣ барои бақайдгирии номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии парлумон ба ҷойи 8 ҳазор сомонии пешин 4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

«Дар лоиҳа ҳамчунин манъи раисӣ кардани намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар вохӯрии номзадҳо ба вакилӣ бо интихобкунандагон пешбинӣ гардида, ғайр аз ин, зиёд кардани вақти ройгон барои номзадҳо дар ВАО-и давлатӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқот пешниҳод мегардад», – гуфт Ватанов.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки тағйирот пеш аз ҳама ба бартараф намудани гуногунии шарҳи моҳияти онҳо равона гардида, ҳамчунин дар ин масъала тавсияҳои гурӯҳи нозирони САҲА оид ба натоиҷи интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар соли 2010 низ ба инобат гирифта шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.