Бедаракшавии сарбози пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон

Волидайни сарбоз Максим Усов, ки тибқи қарордод дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ адо мекард, аз моҳи августи соли 2013 ӯро дар қаламрави Тоҷикистон ҷустуҷӯ доранд. Ба гуфтаи онҳо, Максим Усови 21-сола, зодаи кишвари Красноярск, 19-уми августи соли 2013 бедарак шуда, дар бар сарулибоси мулкӣ, шиносномаи хориҷӣ, ноутбук ва телефон доштааст ва […]

ASIA-Plus


Волидайни сарбоз Максим Усов, ки тибқи қарордод дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ адо мекард, аз моҳи августи соли 2013 ӯро дар қаламрави Тоҷикистон ҷустуҷӯ доранд.

Ба гуфтаи онҳо, Максим Усови 21-сола, зодаи кишвари Красноярск, 19-уми августи соли 2013 бедарак шуда, дар бар сарулибоси мулкӣ, шиносномаи хориҷӣ, ноутбук ва телефон доштааст ва аз замони гум шуданаш дигар ба алоқа набаромадааст.

Ин хабар тавассути ҳамаи шабакаҳои иҷтимоии имконпазир аз номи Юрий Усов, ки худро падари сарбози гумшуда муаррифӣ мекунад, паҳн карда шуда, вале дар худи пойгоҳи низомии 201-ум саҳеҳияти ин маълумотро ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ накарданд.

«Фарзияи роҳбаронаш дар бораи ба майнӯшиву айшу ишрат дода шуданашро ман инкор мекунам, зеро ӯ шароб истеъмол намекард. Барои ҳама гуна маълумот, маслиҳат ва тавсияҳо оид ба ҷустуҷӯи писарам миннатпазир хоҳам буд. Дар ин қазия ба ман нофаҳмост, ки чӣ гуна сарбоз метавонистааст бе ному нишон гум шавад? Охир ӯ дар дискотекаи деҳа набуд, ӯ дар сохтори низомии давлат хизмат мекард», – менависад Усов дар шабакаҳои иҷтимоии писандида.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ахир, дар қаламрави Тоҷикистон 7 ҳазор нафар низомиёни пойгоҳи 201-уми ҳарбии Русия хизмат мекунанд, ки ҷузъу томҳои он дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақаранд. Дар созишномаи соли гузашта баимзорасида муҳлати ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми дар Русия то 49 сол дароз карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар гӯшаи «Бедарак гумшудагон»-и сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ному насаби шаҳрванд Максим Усов дарҷ наёфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.