Нимаи аввали имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи чинӣ баррасӣ шуда, ҳарду ҷониб аз фаъол гардидани навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе, ки рӯзи 10-уми январ дар фазои тантанавӣ сурат гирифт, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки то моҳи апрели соли равон навбати дуюми марказ низ ба кор даромада, иқтидори умумиаш ба 100 мегаватт/соат нерӯи барқ мерасад.
«Доир ба сохтмони боз ду агрегати дигар дар оянда ва ба 400 мегаватт расондани иқтидори умумии ин марказ ҳам гуфтугӯи судманд сурат гирифта, зикр гардид, ки аз ҷониби ширкати ТВЕА-и Чин дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёд, аз ҷумла доир ба сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳо амалӣ шудаанд», – гуфта мешавад дар иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории оянда дар бахшҳои гуногуни соҳаи энергетика ва бартараф кардани мушкили норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли зимистон ҳавасмандии худро таъкид доштанд.



