Кӯчаҳои Душанберо милисазанони велосипедсавор назорат мекунанд

Аз оғози соли равон дар қатори дигар воҳидҳои дахлдори ВКД занон-кормандони милитсияи тоҷик велосипедсавор рӯзона ба таъмини амният ва назорати тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон шурӯъ намуданд. Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Ҷалолиддини Садриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳайати ин милисазанон 10 нафар кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри […]

Аваз Юлдошев


Аз оғози соли равон дар қатори дигар воҳидҳои дахлдори ВКД занон-кормандони милитсияи тоҷик велосипедсавор рӯзона ба таъмини амният ва назорати тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон шурӯъ намуданд.

Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Ҷалолиддини Садриддинов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳайати ин милисазанон 10 нафар кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе шомил буда, ба ҷуз таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба аҳолӣ дар маҳалҳо ва ошкор намудани кӯдакони гумшуда низ аз ҷумлаи вазифаҳои онҳо ба шумор меравад.

Ба гуфтаи ӯ, ин занон ахири соли гузашта дар маркази омӯзишии ВКД дар курсҳои шашҳафтаинаи омодагии «Баланд бардоштани мақомии зан дар сохтори тартиботи ҷамъиятӣ», ки аз ҷониби Дафтари САҲА дар ҶТ гузаронида шуд, таълим гирифтанд.  Зимнан зикр гардид, ки онҳо бо малакаҳои дарёфти роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоте, ки мардуми Тоҷикистон бо онҳо бештар дучор мешавад, аз қабили хушунати хонаводагӣ, худкушӣ миёни занон, зӯроварӣ дар байни ҷавонон, хариду фурӯши одамон ва ғайра омӯзонида шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.