Реҷаи маҳдуди равуо тавассути гузаргоҳи марзии Қулма-Қарасу

Мутобиқи созишномаи ҳосилшуда миёни маъмурияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва ҳавзаи Қошғари Вилояти Мухтори Синтзян Уйғури Чин, равуо тариқи гузаргоҳи марзии Қулма-Қарасу маҳдуд шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар дод, сабаби ин тасмим сардии шадид ва боришоти зиёди барф дар мавзеи гузаргоҳ мебошад. Мутобиқи созишнома, бо мақсади сабук […]

Аваз Юлдошев


Мутобиқи созишномаи ҳосилшуда миёни маъмурияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва ҳавзаи Қошғари Вилояти Мухтори Синтзян Уйғури Чин, равуо тариқи гузаргоҳи марзии Қулма-Қарасу маҳдуд шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар дод, сабаби ин тасмим сардии шадид ва боришоти зиёди барф дар мавзеи гузаргоҳ мебошад.

Мутобиқи созишнома, бо мақсади сабук гардонидани фаъолияти мақомот ва сохтори дахлдори ҳарду ҷониб дар гузаргоҳи Қулма-Қарасу, равуо тариқи гузаргоҳ бо реҷаи муваққатӣ роҳандозӣ мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки моҳи январ гузаргоҳ рӯзҳои 21, 22 ва 23-юми моҳ, моҳи феврал рӯзҳои 11, 12, 13, 25, 26 ва 27-уми моҳ ва моҳи март рӯзҳои 11, 12, 13, 25, 26 ва 27-уми моҳ барои равуо кушода хоҳад буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.