Соли гузашта ба кормандони милиса 30 манзили хизматӣ дода шуд

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ аз фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ дар соли 2013 натиҷагирӣ шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни суханронӣ дар ифтитоҳи ҷаласа вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-майори милиса Рамазон Раҳимов таъкид намуд, ки «соли 2013 соли баргузории як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва байналмилалӣ буд, […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ аз фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ дар соли 2013 натиҷагирӣ шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни суханронӣ дар ифтитоҳи ҷаласа вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-майори милиса Рамазон Раҳимов таъкид намуд, ки «соли 2013 соли баргузории як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва байналмилалӣ буд, ки дар он кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ тартибот ва амнияти ҷомеаро таъмин карда тавонистанд».

Ба иттилои манбаъ, муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-майори милиса Абдураҳмон Бузмаков зикр кард, ки дар ин давра бо дастгирӣ ва ғамхориҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони мақомот 30 ҳуҷраи истиқоматӣ-хизматӣ, 49 автомашинаи сабукрави хизматӣ барои ВКД ва кӯмакҳои моддӣ ҷудо карда шуда, дар ин муддат 39 иншооти нав бунёд ва 116 иншоотҳо аз нав таъмиру тармим карда шуданд.

Бузмаков вобаста ба ҳаматарафа иҷро нагардидани фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» аз ҷониби баъзе масъулин ибрози назар намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи ВКД ҶТ нақшаҳои чорабиниҳои асосии вазорат барои соли 2014 ва санаи ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон тасдиқ карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.