Нотаи Қирғизистон ба ВКХ Тоҷикистон ва баста шудани марз


Санаи 11-уми январи соли ҷорӣ Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба муноқиша миёни хизматчиёни ҳарбии ҳарду ҷониби бо истифода аз силоҳи оташфишон ду номаи эътирозии расмӣ ирсол намуд.

Дар эътирози худ ҷониби Қирғизистон аз амалҳои ғайриқонунии низомиёни тоҷик, ки аз сиолҳи оташфишон истифода карда, ба рух додани муноқиша боис шудаанд, нигаронии шадид изҳор намуда, аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқ ва тафтиши сабабҳои сар задани ин ҳодиса ва ҷалби гунахкорон ба ҷавобгарӣ даъват ба амал овардааст.

Дар нотаи эътирозии дигар Қирғизистон мақомоти Тоҷикистонро огоҳ месозад, ки то ба эътидол омадани вазъ тамоми гузаргоҳҳои марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби ин кишвар баста мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11-уми январ дар мавзеи деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд миёни марзбонони тоҷику қирғиз муноқиша ба вуқӯъ пайваста, бо тирпарронӣ ба анҷом пазируфт, ки бар асари он 3 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд.

spot_imgspot_img

Популярное