Роҳ ба ҷазирақаламрави Ворух боз шуд

Роҳи автомобилгард, ки шаҳри Исфараро бо ҷазирақаламрави тоҷикистонии Ворух мепайвандаду рӯзи шанбе аз ҷониби Қирғизистон баста шуда буд, субҳи имрӯз барои равуои воситаҳои нақлиёт ва одамон боз шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара хабар доданд. Ба қавли онҳо,  пас аз муноқиша миёни марзбонони ду кишвар, ки нимаи рӯзи 11-уми […]

Аваз Юлдошев


Роҳи автомобилгард, ки шаҳри Исфараро бо ҷазирақаламрави тоҷикистонии Ворух мепайвандаду рӯзи шанбе аз ҷониби Қирғизистон баста шуда буд, субҳи имрӯз барои равуои воситаҳои нақлиёт ва одамон боз шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара хабар доданд.

Ба қавли онҳо,  пас аз муноқиша миёни марзбонони ду кишвар, ки нимаи рӯзи 11-уми январ дар мавзеи деҳаи Хоҷӣ Ало рух дод, айни замон дар маҳаллаҳои ахолинишини наздимарзӣ вазъи орому амн ҳукмфармо аст.

«Дар гуфтушуниди намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти маҳаллии ҳарду кишвар оид ба масъалаи кушодани роҳ ба Ворух мувофиқа ҳосил шуд», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11-уми январ дар мавзеи деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд миёни марзбонони тоҷику қирғиз муноқиша ба вуқӯъ пайваста, бо тирпарронӣ ба анҷом пазируфт, ки бар асари он 3 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.