Дастури таълимии Кумитаи дин барои имомхатибон


Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имомхатибони ҷумҳурӣ дастури таълимии иборат аз 300 саҳифаро ба нашр расонид, ки 35 мавзӯи маъвизаҳоро дар бар гирифта, дар 366 масҷиди ҷомеъ ва марказии кишвар тақсим карда мешавад.

Раиси Кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқов зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор кард, ки дастур фарогири мавзуъҳои ахлоқи неку ҳамида буда, мардумро ба сулҳу созиш ва таҳаммулпазирӣ даъват мекунад.

Бино ба иттилои ӯ, айни замон дар Тоҷикистон 3 ҳазору 567 масҷиди намози панҷгона, 1 Маркази исломӣ, 47 масҷиди марказии ҷомеъ, 366 масҷиди намози ҷумъа, 6 мадраса ва 1 ҷамоатхона амал мекунанд.

«Соли ҷорӣ 135 масҷиди нав ба қайд гирифта шуд, ки 3-тоаш масҷиди марказӣ, 10-тоаш масҷиди намози ҷумъа ва 122-тоаш масҷиди намози панҷгона мебошад», – афзуд Холиқов.

spot_imgspot_img

Популярное