Дар Тоҷикистон истифодашавии сарчашмаҳои ватании интернет рӯ ба афзоиш аст

Истифодашавии сарчашмаҳои ватании интернет дар соли 2013 нисбат ба солҳои қаблӣ 10% бештар гардидааст. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» сарвари Ассотсиатсияи интернет провайдерҳои Тоҷикистон Асомиддин Атоев иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, истифодабарандагони интеренет дар кишвар бештар барои дарёфти маълумот рӯ ба сарчашмаҳои глобалии интернет меоранд, ки дар маҷмӯъ барои сарчашмаҳои ватанӣ он қадар хуб […]

Суман Шаҳзода



Истифодашавии сарчашмаҳои ватании интернет дар соли 2013 нисбат ба солҳои қаблӣ 10% бештар гардидааст. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» сарвари Ассотсиатсияи интернет провайдерҳои Тоҷикистон Асомиддин Атоев иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, истифодабарандагони интеренет дар кишвар бештар барои дарёфти маълумот рӯ ба сарчашмаҳои глобалии интернет меоранд, ки дар маҷмӯъ барои сарчашмаҳои ватанӣ он қадар хуб нест.

«Аммо дар ҳар сурат, дар қиёс бо солҳои қаблӣ теъдоди истифодабарандагоне, ки ба сарчашмаҳои ватанӣ рӯ меоранд 10% бештар гардидаанд. Бояд гуфт, ки аслан характери истифодабарии интерент ҳам дар кишвар тағйир ёфтааст: дар соли 2010 шаҳрвандон аз интернет бештар маводи фароғатӣ меҷустанд, аммо ҳоло онҳо бештар маълумоти характери иттилоотидошта ва тахассусӣ мекобанд. Ба ҷуз ин, бояд зикр кард, ки шумораи истифодабарандагон ҳам рӯ ба афзоиш аст», – гуфт Асомиддин Атоев.

Мутобиқи омори расмии Хадамоти алоқаи кишвар, дар соли 2013 теъдоди истифодабарандагони интернети мобилӣ ба 8,3 млн. расид.

Асомиддин Атоев бо такя ба як пажӯҳиши электроние, ки дар кишвар дар солҳои 2010 ва 2012 аз ҷониби фонди ҷамъиятии «Интернет» баргузор гашта буд, ГУФТ, ки аксари истифодабарандагони интернет дар кишвар мардҳоянд. Зикр шуд, ки 77% истифодабарандагони интернетро ҷавонони то 34-солаташкил мекунанд.

Чанд тан аз истифодабарандагони интернет ҳангоми пурсишИ хабарнигори «Азия-Плюс» иброз доштанд, ки бештар аз интернети мобилӣ истифода мебаранд, чунки  он дар ҳама ҷо дастрас буда, арзон аст. Аммо дигарон мутмаин ҳастанд, ки истифодаи интеренет ба воситаи компютер қулайтар ва ба саломатӣ камзарар аст.

https://www.youtube.com/watch?v=RFY06XH9uWw

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.