ИЖТ осорхонаи журналистикаи тоҷикро бунёд карданист

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши масъалаи ташкили осорхонаи журналистикаи тоҷик дар ояндаи наздик талош хоҳад варзид. Чанде қабл дар маҷлиси солонаи Раёсати ИЖТ таҳти раёсати раиси Иттиҳод Акбаралӣ Сатторов қарори дахлдор дар ин бора қабул шуд. Дар ҷаласа ҳамчунин зарурати ба итмом расонидани корҳои таҳияи Энсиклопедияи журналистикаи тоҷик дар соли […]

Аваз Юлдошев


Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши масъалаи ташкили осорхонаи журналистикаи тоҷик дар ояндаи наздик талош хоҳад варзид. Чанде қабл дар маҷлиси солонаи Раёсати ИЖТ таҳти раёсати раиси Иттиҳод Акбаралӣ Сатторов қарори дахлдор дар ин бора қабул шуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин зарурати ба итмом расонидани корҳои таҳияи Энсиклопедияи журналистикаи тоҷик дар соли равон низ таъкид шуд, Иттиҳод ҳамчунин таъсиси маҳфили сардабирон ва шуъбаи фотожурналистика дар назди ИЖТ дар соли равонро ба нақша гирифт.

Зимни ҷаласаи мазкур зикр гардид, ки соли равон ИЖТ дар ҳамдастӣ бо мақомоти кишвар як қатор лоиҳаву озмун оид ба таъмини ҳуқуқи кӯдакон тавассути ВАО, риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ ва ғайраро роҳандозӣ намуда, намояндагони матбуоти тоҷикро ба ҳамоишҳои байнулмилалӣ сафарбар намуд ва кормандони муваффақи соҳаро бо ҷоизаву туҳфаҳои гуногун қадрдонӣ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.