Вазорати мудофиа: Дар марз бо Қирғизистон ҳеҷ гуна ҷамъшавии нерӯҳо мавҷуд нест

– Ҷузъу томҳои Вазорати муофиаи Тоҷикистон айни замон дар маҳалли доими таъинот мустақар буда, маълумоти чанде аз расонаҳои русу қирғиз дар бораи ба самти марз бо Қирғизистон равона шудани онҳо асоси воқеӣ надоранд, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев. Ӯ чунин маълумотро иғвоангез унвон карда, […]

Аваз Юлдошев


– Ҷузъу томҳои Вазорати муофиаи Тоҷикистон айни замон дар маҳалли доими таъинот мустақар буда, маълумоти чанде аз расонаҳои русу қирғиз дар бораи ба самти марз бо Қирғизистон равона шудани онҳо асоси воқеӣ надоранд, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев.

Ӯ чунин маълумотро иғвоангез унвон карда, илова анамуд, ки «касе хоҳиш дорад, ки чизи набударо чун воқеияти дилхоҳаш инъикос кунад».

«Маълумоти расонаҳои қирғиз дар бораи сафарбарии умумӣ эълон шудан дар манотиқи марзии Тоҷикистон ягон асоси воқеӣ надошта, умуман саволе ба миён меояд, ки журналист ба кадом хотир чунин хабарҳоро мунташир месозад?», – мегӯяд Маҳмадалиев.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории КирТаг бо истинод ба як сарчашмаи худ дар сохторҳои қудратии Қирғизистон имрӯз хабар дод, ки «Тоҷикистон дар марз бо Қирғизистон техникаи зиреҳпӯш овардааст».

«Гуфтушуниди ҷонибҳо ҷараён доранд, вале аз онҳо то ҳанӯз ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст. Аз рӯзи оғози муноқиша ҷонибҳо посбонии марзро пурзӯр мекунанд. Тоҷикистон ба марз технкаи зиреҳпӯш оварда, аз ҷониби мо бошад, он ҷо танҳо сарбозон қарор доранд», – менависад ин хабаргузорӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.