Холиқов: Имрӯз дар кишварҳои исломӣ 169 донишҷӯёни тоҷик боқӣ монданд

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов иттилоъ дод, ки  имрӯз дар кишварҳои исломӣ 169 донишҷӯёни тоҷик боқӣ мондаанд. Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз аз макотиби таълимоти динии кишварҳои хориҷӣ 2 ҳазору 70 нафар тоҷикистониён ба ватан баргардонида шуда, дар кишварҳои […]

ASIA-Plus


Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов иттилоъ дод, ки  имрӯз дар кишварҳои исломӣ 169 донишҷӯёни тоҷик боқӣ мондаанд.

Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз аз макотиби таълимоти динии кишварҳои хориҷӣ 2 ҳазору 70 нафар тоҷикистониён ба ватан баргардонида шуда, дар кишварҳои мусалмонӣ дар маҷмӯъ 2 ҳазору 874 нафар ҷавонон таълимоти динӣ гирифтаанд.

«Аз шумори донишҷӯёни ба ватан баргашта 237 нафарашон дар муассисаҳои таълимии маҳаллӣ таҳсил дошта, 50 тан аз онҳо дар макотиби таҳсилоти умумӣ, 181 нафар дар макотиби олӣ ва 6 нафар дар мадрасаҳо таълим мегиранд», – иброз дошт ӯ.

Холиқов ҳамчунин зикр кард, ки донишҷӯёни тоҷик асосан дар муассисаҳои таълимоти динии Арабистони Саъудӣ, Ливия, Миср, Эрон, Покистон ва Яман ба таҳсили илм машғул буда, акнун танҳо пас аз хатми Донишкадаи исломии Тоҷикистон метавонанд дар кишварҳои исломӣ таҳсил кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.