Муфтӣ маоши имконпазири имомхатибонро эълон кард

Аз 1-уми ферали соли ҷорӣ имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон нахустин музди меҳнати расмии худро дастрас мекунанд. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода имрӯз дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳаҷми музди меҳнати роҳбари масҷиди марказӣ – 2 ҳазор сомонӣ, сархатиб – 1,5 ҳазор сомонӣ ва имомхатиб – 800 сомониро ташкил дода, дар маҷмӯъ […]

Меҳрангез Турсунзода


Аз 1-уми ферали соли ҷорӣ имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон нахустин музди меҳнати расмии худро дастрас мекунанд.

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода имрӯз дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳаҷми музди меҳнати роҳбари масҷиди марказӣ – 2 ҳазор сомонӣ, сархатиб – 1,5 ҳазор сомонӣ ва имомхатиб – 800 сомониро ташкил дода, дар маҷмӯъ ҳудуди 300 нафар ходими дин ба маоши доимӣ таъмин карда мешаванд.

Ба қавли муфтӣ, дар ин масъала имомхатибон бо Маркази исломӣ, Маркази исломӣ бо Кумитаи дин ва дар навбати худ Кумитаи дин бо Вазорати молия қарордод ба имзо мерасонанд. «Аммо таъкид месозам, ки ҳаҷми зикршудаи музди меҳнат алҳол комилан мушаххас нест», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумита Абдураҳим Холиқов дар ин маврид зикр кард, ки ин музди меҳнат набуда, як навъ дастгириест, ки онро худи имомхатибон дархост намуда буданд.

Ба қавли Абдуқодирзода, барои тамоми ходимони дин сарулибоси ягона муқаррар шуда, ранги он кабуд ва дорои рамзҳои миллӣ хоҳад буд. «Сарулибоси ягонаи имомхатибон дар корхонаи «Ёқут-2000» дӯхта шуда, он аз ҷониби Маркази исломӣ маъқул дониста шуд ва аллакай ҳафтаи оянда имом-хатибон сарулибоси ягонаро ба бар мекунанд», – гуфт муфтӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.