Дар Душанбе «Фестивали дуюми Будо» баргузор мешавад

Рузи 18-уми январ дар мачмааи варзишии «Точикстандарт» «Фестивали дуюми Будо», ки дар он намояндагони федератсияҳои «Каратэ-до», «Кёкуншинкай», «Сумо», «Тэквандо» «Дзюдо», «Айкидо» баромад хоханд кард. Дар ин бора имрӯз дар рафти конфронси матбуотӣ намояндаи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Такаоки Коматсу хабар дод. Фестивали мазкур бо дастгирии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш […]

Суман Шаҳзода


Рузи 18-уми январ дар мачмааи варзишии «Точикстандарт» «Фестивали дуюми Будо», ки дар он намояндагони федератсияҳои «Каратэ-до», «Кёкуншинкай», «Сумо», «Тэквандо» «Дзюдо», «Айкидо» баромад хоханд кард. Дар ин бора имрӯз дар рафти конфронси матбуотӣ намояндаи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Такаоки Коматсу хабар дод.

Фестивали мазкур бо дастгирии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳи баргузор мегардад. Қайд карда шуд, ки нахустин «Фестивали Будо» дар Тоҷикистон соли 2009 гузаронида шуда буд ва дар он варзишгарон дар навъхои гуногуни варзишҳои ҷопонӣ қувваозмоӣ кардаанд.

Тавре созмондиҳандагони фестивал зикр карданд, мақсади аз баргузории фестивали навбатӣ таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон дар самти рушди варзиш ва ҷалби бештари варзишгарон ба ин навъхои варзиш мебошад.

Намояндаи сафорати Ҷопон зимни суханронӣ қайд кард, ки сафорат омода аст, ҳамаҷониба рушди навъҳои варзиши ҷопониро дар Тоҷистон дастгирӣ созад. «Айни замон лоиҳаҳои гуногун дар самти варзиш, фарҳанг, иқтисод миёни Тоҷикистону Ҷопон амалӣ мешаванд. Дар ояндаи наздик чорабиниҳои муштараки варзишӣ бо иштироки варзишгарони ҷопониву тоҷикистонӣ доир мегарданд», – гуфт Такаоки Коматсу.

Зимнан иштирокдорони конфронс қайд карданд, ки сохтмони иншоотҳои варзишӣ ҷиҳати ҳарчи бештари ҷаонон ба варзиш дар ноҳияҳои дурдаст муҳим аст. Сафорати Ҷопон омодагии худро дар ин самт иброз дошт. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.