Шумори хизматчиёни давлатӣ ба 19 ҳазор нафар наздик мешавад

Ба аввали соли равон шумори хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон 18,7 ҳазор нафарро ташкил дод. Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ Грез Қосимов дар ин робита изҳор намуд, ки ба ин маълумоти оморӣ намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомил нестанд, зеро ин сохторҳо аз салоҳияти Агентӣ берунанд. «Агентии мо танҳо […]

Пайрав Чоршанбиев


Ба аввали соли равон шумори хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон 18,7 ҳазор нафарро ташкил дод.

Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ Грез Қосимов дар ин робита изҳор намуд, ки ба ин маълумоти оморӣ намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомил нестанд, зеро ин сохторҳо аз салоҳияти Агентӣ берунанд. «Агентии мо танҳо ба хизматчиёни давлатии мулкӣ сарукор дорад», – иброз дошт ӯ.

Қосимов таъкид дошт, ки миёни хизматчиёни давлатии мулкӣ беш аз 12%-ро занон ва ҳудуди 41%-ро афроди синни то 35-сола ташкил медиҳанд. «Ахиран «ҷавоншавӣ»-и сафи мансабдорони давлатӣ ба мушоҳида расида, имрӯз 20-25%-и мансабҳои раҳбарии давлатиро шахсони синни то 35-сола ишғол мекунанд», – қайд кард роҳбари Агентӣ.

Ба гуфтаи ӯ,  айни замон дар бахши хизмати давлатӣ 482 нафар нафақахӯр мебошанд, ки аз онҳо 253 нафар дар мақомоти марказӣ ва 229 нафар дар мақомоти маҳалли иҷроия кор мекунанд.

«Ба ин шумор 81 нафари нафақахӯрон аз рӯи синнусол шомил буда, муҳлати кори чунин нафақахӯрон мутобиқи қонунгузорӣ ду сол дароз карда шуд ва боқимонда 401 нафақахӯрони машғули кор аз рӯи маъюбӣ нафақа мегиранд ё қаблан дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор кардаанд», – афзуд Қосимов.

Роҳбари Агентӣ ҳамчунин гуфт, соли гузашта ҳаҷми музди меҳнати хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ба андозаи 15-20% зиёд карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.