Вазорати фарҳанг ният дорад, ба Ҳошим Гадо хонаи нав диҳад

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков ният дорад, ки 15-уми январ бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҳошим Гадо вохӯрда, мушкилоти ҷойдоштаи ӯро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Чӣ тавре ки дар суҳбат бо Хабаргузории «Азия-Плюс» муовини аввали вазир Маҳмадсаид Пиров қайд кард, аз мушкилоти Ҳошим Гадо вазорати фарҳанг тавассути мактуби кушодаи ҳунарпеша ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки дар ВАО нашр […]

Мавзуна Абдуллоева



Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков ният дорад, ки 15-уми январ бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҳошим Гадо вохӯрда, мушкилоти ҷойдоштаи ӯро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Чӣ тавре ки дар суҳбат бо Хабаргузории «Азия-Плюс» муовини аввали вазир Маҳмадсаид Пиров қайд кард, аз мушкилоти Ҳошим Гадо вазорати фарҳанг тавассути мактуби кушодаи ҳунарпеша ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки дар ВАО нашр гардид, огоҳ шудааст.

«Ҳошим Гадо ба вазорат мактубе оид ба зарурати таъмири хона ва хатҳои гармидиҳӣ ирсол накардаанд. Мо аз мавҷудияти чунин як мушкилот аз воситаҳои ахбори омма дарак ёфтем. Он кас ҳунарманди фидоӣ ҳастанд ва чун хамеша фикру зикрашон ба мушкилоти театр банд буда, боре аз шароити вазнини зиндагониашон ба мо шикоят накарданд», – таъкид дошт Пиров.

Ба гуфтаи ӯ, вазири фарҳанг 15-уми январ зимни вохӯрӣ бо Ҳошим Гадо ният дорад, ки масъалаи кӯчонидани ӯро ба хонаи нав баррасӣ кунад.

«Чун хонае, ки ҳоло ҳунарпеша умр ба сар мебарад, дар ошёнаи 10-ум аст, мо ният дорем дар маҷлиси вазорат, ки рӯзҳои наздик сурат мегирад, масъалаи ба Ҳошим Гадо пешниҳод кардани манзили зисти навро бо шароити беҳтар баррасӣ кунем. Ва дар сурати ризоияти ҳунарпеша, ӯро ба манзили нав кӯчонем», – иброз дошт Пиров.

Вай афзуд, ки чанд рӯз қабл ба вазорат мактуби Ҳошим Гадо оид ба баргузор кардани шаби эҷодӣ бахшида ба 77-солагиаш ворид шуд. Вазорат ният дорад, то фарорасии зодрӯзи ҳунарпеша сенария тайёр карда, шаби эҷодиро 10-уми май баргузор кунад.

Ёдовар мешавем, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба номаи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҳошим Гадо ба унвони мақомоти шаҳрдорӣ

вокуниш

нишон дод.

Ахири моҳи декабр ҳунарманди маъруф Ҳошим Гадо бо ирсоли номаи мазкур ба унвони раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев хоҳиш карда буд, ки дар таъмири манзили зист ва низоми гармидиҳии хонааш мусоидат намояд.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев сардори Маркази барқу гармидиҳии Душанбе Аъзам Табаровро ба таъмири манзил ва низоми гармидиҳии хонаи Ҳунарманди мардумӣ уҳдадор карда, корҳои таъмир аллакай оғоз ёфтаанд.

Ёдрас мекунем, ки дар номаи худ ин ҳунарпешаи саршинос зикр карда буд, ки «10-уми майи соли 2014 ман ба синни 77 мерасам, вале манзили зистам дар ин фасли сармо аз одитарин шароити зиндагӣ маҳрум буда, деворҳои хонаам обкашидаву намнок ва ман дар ин синну сол тавони таъмири онро надорам».

Дар ин нома изҳор гардида буд, ки пас аз хондани як мақола таҳти унвони «Басилашвилии сармозада барои сармозадагӣ 4 моҳ дар беморхона бистарӣ шуд», маҷбур шудааст, ки ба ҳукумати шаҳри Душанбе муроҷиат кунад.

Қазияи Олег Басилашвилӣ, ҳунарманди петербургӣ ин аст, ки духтараш аз шароити тоқатфарсои зиндагии ӯ дар сафҳаи фейсбукиаш навишт ва ин хабар ба гӯши президенти Русия Владимир Путин расид. Рӯзи дигар кормандони Хадамоти коммуналӣ ба суроғи Басилашвилӣ омаданд ва ба таъмири манзили ӯ пардохтанд.

«Ман ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон (нома аз 30.07.2009с.) муроҷиат карда, дархост кардам, ки чун Басилашвилӣ масъалаи маро ҳам ҳамин тарз ҳал кунанд, вале номаи ман миёни мақомот «футболбозӣ» шуда, дар натиҷа посухи РАД дода шуд. Ва боз ҳам СУКУТ! Ман ҳамаи умедамро аз даст додам», – шикоят карда буд ҳунарманд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.