Муҳассилини факултаҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар оянда ба биноҳои нави Шаҳраки донишҷӯён кӯчонида мешаванд.
Дар ин бора муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев маълумот дод. Ба қавли номбурда, донишҷӯёни факултаҳои иқтисодии Донишгоҳи миллӣ асосан дар биноҳои куҳнаи назди фурӯшгоҳи Садбарг, ки дар замони шӯравӣ бунёд шуда буд, таҳсил мекунанд.
Вай афзуд: “Биноҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар назди фурӯшгоҳи Садбарг ба ҳолати садамавӣ дучор нестанд ва дар он ҷо гузаронидани машғулият ҳеч хатаре надорад. Вале роҳбарияти донишгоҳ супориши дахлдор гирифтааст, ки ояндаи наздик дар Шаҳраки донишҷӯён сохтмони биноҳои навро оғоз кунад”.
Мирбобоев гуфт, ки аз рӯйи нақшаи феълӣ бунёди 2 бино барои факултаҳои иқтисодӣ пешбинӣ шудааст. Сохтмони ин биноҳо имкон медиҳад, ки донишҷӯёни факултаҳои иқтисодии Донишгоҳи миллӣ аз биноҳои куҳна ба Шаҳраки донишҷӯён кӯчонида шаванд.
Қобили зикр аст, ки феълан дар Шаҳраки донишҷӯён таҳсили донишҷӯёни факултаҳои журналистика, шарқшиносӣ, филология, таърих, ҳуқуқшиносӣ, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва дигар ихтисосҳо ба роҳ монда шудааст.
Соли гузашта дар ин мавзеъ бунёди варзишгоҳ барои машғулиятҳои варзишии донишҷӯён оғоз гашта буд.



