Дар Шаҳраки донишҷӯён ду бинои нав барои факултаҳои иқтисодӣ бунёд мешавад

Муҳассилини факултаҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар оянда ба биноҳои нави Шаҳраки донишҷӯён кӯчонида мешаванд. Дар ин бора муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев маълумот дод. Ба қавли номбурда, донишҷӯёни факултаҳои иқтисодии Донишгоҳи миллӣ асосан дар биноҳои куҳнаи назди фурӯшгоҳи Садбарг, ки дар замони шӯравӣ бунёд шуда буд, таҳсил мекунанд. Вай афзуд: […]

Исфандиёр Халилов


Муҳассилини факултаҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар оянда ба биноҳои нави Шаҳраки донишҷӯён кӯчонида мешаванд.

Дар ин бора муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев маълумот дод. Ба қавли номбурда, донишҷӯёни факултаҳои иқтисодии Донишгоҳи миллӣ асосан дар биноҳои куҳнаи назди фурӯшгоҳи Садбарг, ки дар замони шӯравӣ бунёд шуда буд, таҳсил мекунанд.

Вай афзуд: “Биноҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар назди фурӯшгоҳи Садбарг ба ҳолати садамавӣ дучор нестанд ва дар он ҷо гузаронидани машғулият ҳеч хатаре надорад. Вале роҳбарияти донишгоҳ супориши дахлдор гирифтааст, ки ояндаи наздик дар Шаҳраки донишҷӯён сохтмони биноҳои навро оғоз кунад”.

Мирбобоев гуфт, ки аз рӯйи нақшаи феълӣ бунёди 2 бино барои факултаҳои иқтисодӣ пешбинӣ шудааст. Сохтмони ин биноҳо имкон медиҳад, ки донишҷӯёни факултаҳои иқтисодии Донишгоҳи миллӣ аз биноҳои куҳна ба Шаҳраки донишҷӯён кӯчонида шаванд.

Қобили зикр аст, ки феълан дар Шаҳраки донишҷӯён таҳсили донишҷӯёни факултаҳои журналистика, шарқшиносӣ, филология, таърих, ҳуқуқшиносӣ, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва дигар ихтисосҳо ба роҳ монда шудааст.

Соли гузашта дар ин мавзеъ бунёди варзишгоҳ барои машғулиятҳои варзишии донишҷӯён оғоз гашта буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.