Гуфтушуниди марзбонони тоҷику қирғиз ба итмом расид

spot_imgspot_img

Дата:


Ин дақиқаҳо вохӯрии фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон Раҳмоналӣ Раҷабалӣ ва Раҳимбердӣ Дуйшенбиев дар Исфара ба итмом мерасад. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи мавҷуда дар марзро баррасӣ ва табдирҳои муштарак бобати ба эътидол овардани вазъ дар онро таҳия намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳо дар бораи роҳандозии ҳамкории муштарак ба хотири таъмини амну субот дар минтақаҳои баҳсии марз ба мувофиқа расиданд. «Дар фурсати наздиктарин аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ оид ба ҳамкорӣ санади дахлдор ба имзо мерасад», – иброз дошт манбаъ.

Бинобар сабаби пушти дарҳои пӯшида сурат гирифтани гуфтушунид, манбаъ аз шарҳи ҷузъиёти дигари он худдорӣ варзид.

Ёдрас мекунем, ки

рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта

, 14-уми январ низ дар Ботканд вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Раҳимбердӣ Дуйшенбиев бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҷабалӣ доир гардида буд.

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов имрӯз дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ намуд, ки сафоратхона дар Бишкек

бо реҷаи муқаррарӣ

фаъолият дошта, дар назди бинои сафоратхона ягон ҳодиса ё гирдиҳамоие ба вуқӯъ напайвастааст.

Зимни нишасти хабарии рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта прокурори вилояти Суғд, генерал-майори адлия Шариф Қурбонов изҳор намуд, ки аз рӯи далели муноқишаи чанде қабли мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

парвандаи ҷиноӣ

боз шудааст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...