Зимни ҳисоботи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар маҷлиси васеи ҳукумати ҷумҳурӣ, ки имрӯз ҷараён дорад, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти низоми бонкии ҷумҳуриро мавриди интиқод қарор дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯ аз хароҷоти зиёд ва ғайриҳадафмандонаи дохилии ин бонк ва ҳамчунин нокифоя будани фаъолияти он барои ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ ва дастгирии соҳибкории хусусӣ изҳори нигаронӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти бонк супоришҳои мушаххас дод.
Аз камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк ва бонкҳои саҳҳомии ҷумҳурӣ низ изҳори нигаронӣ карда шуда, таъкид гардид, ки фаъолияти хуб ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқи бонкҳо аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди иқтисодиёт ба шумор меравад.
Дар ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонов қайд шуд, ки ифтитоҳи маркази барқу гармидиҳии рақами дуи шаҳри Душанбе ва ба кор даромадани маркази нави барқтақсимкунандаи 220 киловолтаи нерӯгоҳи обии Норак аз ҷумлаи намоёнтарин натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи энергетикаи кишвар дар соли 2013 мебошад.
Вазир ҳамчунин зикр кард, ки бахши энергетикаи кишвар 7 лоиҳаи сармоягузории хориҷӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумии онҳо баробар ба зиёда аз 600 млн. доллари амрикоӣ мебошад.
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев зимни ҳисобот, аз ҷумла иттилоъ дод, ки соли гузашта 322 корхонаи нави саноатӣ бо 9632 ҷойи корӣ сохта ба кор дароварда шуд. Тибқи маълумоти ӯ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар сол ба сол зиёд шуда, дар соли 2013 ба андозаи 1 млрд. 70 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар содир гардидааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва муҳайёсозии ҳазорон ҷойҳои корӣ супоришҳои мушаххас дод.
Вазири нақлиёт Хайрулло Асоев дар ҳисобот ба масоили расидан ба ҳадафи стратегии давлат оид ба раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир намуд. Тавре зикр гардид, корҳо барои сохтмони роҳҳои мошингарди магистралӣ бо пулҳои хурду бузург дар ҳамаи гӯшаю канори ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад. Дар ин соҳа бо харҷи 1 млрд. 156 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои дохилию хориҷӣ лоиҳаҳои зиёд амалӣ мегарданд. Аз иштироки соҳибкорони ватанӣ ва аҳолии саховатпеша дар навсозии роҳҳои маҳаллӣ низ изҳори хушнудӣ карда шуд.
Зимни ҳисоботи Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки соли 2013 дар ҷумҳурӣ наздики 1 млн. тонна ғалладона истеҳсол шуд. Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба расонидани истеҳсоли солонаи картошка ба 1 млн. тонна бори аввал иҷро гардида, соли гузашта 1 млн. 115 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуд. Нақшаю барномаҳои бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти кӯҳна ҳам бонизом иҷро мегарданд. Бахшҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ низ сол ба сол ба марҳилаи рушди босубот ворид мешаванд.



