Гунаҳкорони ҷинояти се куштори пурсарусадо дар вилояти Суғд, ки давоми соли 2013 содир гардид, ошкор нашуданд.
Зимни нишасти хабарӣ прокурори вилояти Суғд генерал-майори адлия Шариф Қурбонов дар ин робита изҳор намуд, ки гумонбарони се куштори пурсарусадо дар вилоят дар соли 2013 – қотилони посбони шуъбаи «Амонатбонк» дар ноҳияи Ашт, оилаи Бобоевҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва оилаи Халлоқовҳо дар шаҳри Исфара ошкор карда нашуданд.
Ба гуфтаи прокурори вилоят, соли 2013 дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 43 ҳодисаи одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 5 ҳодиса бештар аст.
Ш.Қурбонов ҳамчунин зикр кард, ки аз шумори умумии ҷиноятҳои марбут ба одамкушӣ 40-тоаш ошкор гардида, аз рӯи 30 ҳодисаи вобаста ба ин парвандаҳо мурофиаҳои судӣ оғоз гардидаанд.



