ВКХ Қирғизистон: То ҳалли масъала дар марз сафир ба Тоҷикистон барнамегардад

– То ба итмом расидани тафтиши ҳодисаи муноқиша дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев ба Душанбе барнамегардад, – хабар медиҳад ОИ «24.kg» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар. Дар вазорат ҳамчунин зикр кардаанд, ки муҳлати бозхонди сафир мушаххас нест. «Ҳамааш ба то ба кадом муҳлат идома ёфтани тафтиши […]

ASIA-Plus


– То ба итмом расидани тафтиши ҳодисаи муноқиша дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев ба Душанбе барнамегардад, – хабар медиҳад

ОИ «24.kg»

бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар.

Дар вазорат ҳамчунин зикр кардаанд, ки муҳлати бозхонди сафир мушаххас нест. «Ҳамааш ба то ба кадом муҳлат идома ёфтани тафтиши муштараки сабабҳои муноқишаи мусаллаҳона дар марз ва мавриди муҷозот қарор гирифтани афроди гунаҳкор вобаста аст», – шарҳ додаанд ин масъаларо дар вазорат.

Ёдрас мекунем, ки сафири Қиғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев рӯзи 14-уми январ аз Душанбе ба Бишкек

даъват карда шуд.

Сафир «бо мақсади баргузор намудани машваратҳо дар робита ба ҳодисаи рухдода дар вилояти Ботканд, дар наздикии марз бо Тоҷикистон бо истифода аз силоҳи оташфишон» ба Бишкек даъват шудааст.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин маврид ҳанӯз маълумоти мушаххасе дар даст надоранд. «Мо дар ин бора маълумот дар даст надорем. Пас аз мушаххасу саҳеҳ кардани ин маълумот, шарҳу тавзеҳ пешниҳод хоҳад шуд», – гуфт як манбаъ аз ВКХ Тоҷикистон.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки имрӯз 15-уми январ мақомоти раҳбарии хадамоти марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон ҷиҳати баррасии вазъи кунунӣ дар марзи давлатии кишварҳо

сари мизи гуфтушунид

менишинанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.