ВКХ Қирғизистон: То ҳалли масъала дар марз сафир ба Тоҷикистон барнамегардад


– То ба итмом расидани тафтиши ҳодисаи муноқиша дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев ба Душанбе барнамегардад, – хабар медиҳад

ОИ «24.kg»

бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар.

Дар вазорат ҳамчунин зикр кардаанд, ки муҳлати бозхонди сафир мушаххас нест. «Ҳамааш ба то ба кадом муҳлат идома ёфтани тафтиши муштараки сабабҳои муноқишаи мусаллаҳона дар марз ва мавриди муҷозот қарор гирифтани афроди гунаҳкор вобаста аст», – шарҳ додаанд ин масъаларо дар вазорат.

Ёдрас мекунем, ки сафири Қиғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев рӯзи 14-уми январ аз Душанбе ба Бишкек

даъват карда шуд.

Сафир «бо мақсади баргузор намудани машваратҳо дар робита ба ҳодисаи рухдода дар вилояти Ботканд, дар наздикии марз бо Тоҷикистон бо истифода аз силоҳи оташфишон» ба Бишкек даъват шудааст.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин маврид ҳанӯз маълумоти мушаххасе дар даст надоранд. «Мо дар ин бора маълумот дар даст надорем. Пас аз мушаххасу саҳеҳ кардани ин маълумот, шарҳу тавзеҳ пешниҳод хоҳад шуд», – гуфт як манбаъ аз ВКХ Тоҷикистон.

Шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки имрӯз 15-уми январ мақомоти раҳбарии хадамоти марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон ҷиҳати баррасии вазъи кунунӣ дар марзи давлатии кишварҳо

сари мизи гуфтушунид

менишинанд.

spot_imgspot_img

Популярное