Ҳаҷми пардохти нафақаву кумакпулӣ дар соли гузашта беш аз 300 млн. $


Соли гузашта муассисаҳои БДА «Амонатбонк» дар ҳаҷми ҳудуди 1 млрд. 443 млн. сомонӣ (беш аз 300 млн. $) нафақаву кӯмакпулӣ пардохт намуданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, воситаҳои маблағгузоришуда аз ҷониби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ зиёда аз 1 млрд. 445 млн. сомониро ташкил додаанд.

Ёдрас мекунем, ки аз моҳи сентябри соли гузашта ҳаҷми ҳадди ақали нафақа дар ҷумҳурӣ аз 150 сомонӣ то 200 сомонӣ боло рафт.

Дар ҳамин ҳол, аз соли 2011 дар Тоҷикистон тадриҷан низоми пардохти нафақа тариқи кортҳои бонкӣ ҷорӣ мешавад ва то соли 2015 комилан ҷорӣ шудани ин низом дар назар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, айни замон дар 27 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пардохти нафақа тавассути кортҳои бонӣ ба роҳ монда шудаст, ки миқёси фарогириаш қариб 50% аз шумори умумии нафақахӯронро дар бар мегирад.

spot_imgspot_img

Популярное