Э.Раҳмон: Дар як сол сатҳи камбизоатӣ 2,6% коҳиш ёфт

Зимни суханронӣ дар маҷлиси васеи ҳукумат оид ба натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2013 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар соли 2013 даромадҳои пулии аҳолӣ 18 фоиз ва музди моҳонаи як корманд 21,5 фоиз афзуд. Ба гуфтаи сарвари давлат, тайи соли ахир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 38,2 фоизи соли 2012 то 35,6 […]

ASIA-Plus


Зимни суханронӣ дар маҷлиси васеи ҳукумат оид ба натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2013 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар соли 2013 даромадҳои пулии аҳолӣ 18 фоиз ва музди моҳонаи як корманд 21,5 фоиз афзуд.

Ба гуфтаи сарвари давлат, тайи соли ахир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 38,2 фоизи соли 2012 то 35,6 фоиз коҳиш ёфт.

Беҳбуди сатҳи некӯаҳволиро президент дар навбати аввал ба заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми кишвар марбут медонад. «Ба шарофати заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми кишвар дар соли сипаришуда, бо вуҷуди вазъи ногувори иқтисоди ҷаҳонӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, бунёди иншооти хурду бузург таъмин гардид ва ҳамаи ин омилҳо ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат намуданд», – чунин мешуморад Эмомалӣ Раҳмон.

Президент мутмаин аст, ки дар кишварамон воситаву имкониятҳои дохилии боз ҳам суръат бахшидани рушди иқтисоди миллӣ ва дар ин замина тадриҷан беҳтар гардонидани шароити зиндагии аҳолӣ хеле зиёданд. «Бо ин мақсад танҳо дар 10 соли охир дар мамлакат як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла 163 барномаи тараққиёти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ қабул карда шуда, мавриди татбиқ қарор доранд. Аммо вазъи кунунии рушд аз тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамоҳангсозиву иҷрои саривақтӣ ва татбиқи сифатноки онҳоро тақозо дорад», иброз дошт президент.

Сарвари давлат ҳамчунин зикр кард, ки аз ин лиҳоз, зарур аст, ки бо мақсади таҳкими пешравиҳои то имрӯз ноилгардидаамон ва тақвият бахшидан ба раванди тараққиёти устувори иқтисодиёти кишвар, пеш аз ҳама, ба масъалаи иҷрои барномаҳои қабулшудаи рушди миллӣ ва ҳалли масъалаҳои дар онҳо муқарраргардида таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, татбиқи саривақтӣ ва босифати санадҳои барномавӣ таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.