Пули дарозтарини роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб ба истифода дода шуд


Пули дарозтарин аз рӯи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб ҳафтаи гузашта ба истифода дода шуд.

Директори иҷроияи Маркази амалисозии лоиҳаҳо Исмонқул Шоқулов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сохтмони пули масофааш 306 метр дар мавзеи Хирманҷои ноҳияи Шӯрообод ҳанӯз тирамоҳи соли гузашта ба итмом расида, чанд рӯз қабл пас аз дастрасии хулосаи комиссияи қабул барои ҳаракати наклиёт боз шуд.

«Моҳи феврали соли равон ба истифода додани пули дуюм аз рӯи лоиҳаи мазкур дар мавзеи Кишти ноҳияи Шӯрообод пешбинӣ шудааст, ки масофааш 298 метрро ташкил медиҳад», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, сохтмони пули сеюм бо баландии 18 метр аз рӯи ин лоиҳа дар болои дарёи «Оби Ниёб», аввали нимаи дуюми соли равон ба охир расида, ин пули баландтарин дар роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб хоҳад буд. «То имрӯз аллакай шаш пояи пули мазкур насб шудааст», – зикр кард номбурда.

Шоқулов ҳамчунин қайд кард, ки тибқи лоиҳаи мазкур ҳамагӣ 11 пул сохта мешавад, ки масофаи умумии онҳо ҳудуди 1,1 ҳазор метрро ташкил медиҳад. «Дар ин роҳ 7 пули нав сохта шуда, 4 пули дигар аз таъмир бароварда мешаванд», – афзуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб бо маблағгузории қарзӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 85 млн. доллари ИМА аз ҷониби Бонки исломии рушд, Бунёди рушди Саудӣ, Хазинаи арабии рушди иқтисоди Қувайт, Хазинаи Созмони кишварҳои нафтрасон (ОПЕК) ва Бунёди Абу Забӣ сурат мегирад. Саҳми Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаи мазкур 7,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, арзиши умумии лоиҳа 92,9 млн. доллари ИМА аст.

Дар лоиҳа сохтмони ду қитъаи роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб бо масофаи умумии 40 километр (Шӯрообод – Анҷироби Поён ва Анҷироби Поён – Шоҳон) дар назар аст, ки Тоҷикистонро ба шоҳроҳи Қарақорум дар Чин тариқи ағбаи Қулма мепайвандад.

spot_imgspot_img

Популярное