Вазъи ниҳоят мушкили молиявии дастаи футболи «Равшан»

То бозии даври интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2014 миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и Кӯлоб ва чемпиони секаратаи Яман «Ал-Ярмук» рӯзҳои башумор боқӣ монда, бинобар сабаби вазъи ниҳоят мушкили молиявӣ, дастаи «Равшан» то ҳол омодагӣ ба ин бозиро шурӯъ накардаст. Дар суҳбат бо хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон менеҷери дастаи «Равшан» Дилшод Шарифов ин маълумотро тасдиқ намуда, […]

ASIA-Plus


То бозии даври интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2014 миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и Кӯлоб ва чемпиони секаратаи Яман «Ал-Ярмук» рӯзҳои башумор боқӣ монда, бинобар сабаби вазъи ниҳоят мушкили молиявӣ, дастаи «Равшан» то ҳол омодагӣ ба ин бозиро шурӯъ накардаст.

Дар суҳбат бо хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон менеҷери дастаи «Равшан» Дилшод Шарифов ин маълумотро тасдиқ намуда, зикр кардааст, ки даста аз музди меҳнат ва мукофотпулиҳо назди бозингарон низ қарздор буда, ба иллати мавҷуд набудани маблағи пардохти зист дар меҳмонхона ва таъмин бо ғизо, бозингарони даста имкон надоранд, ки дар шаҳри Турсунзода ба тамринҳои омодагӣ ба бозӣ оғоз кунанд.

«Мо ҳатто барои харидани билет барои бозингаронамон аз Гана маблағ надорем. Агар дар фурсати наздик ин масъала ҳал нашавад, мо шояд натанҳо бозӣ бо дастаи «Ал-Ярмук»-ро гузаронида наметавонем, балки ба иштирок дар чемпионати Тҷикистон дар мавсими соли 2014 низ имкон нахоҳем дошт», – гуфтааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки баргузории бозии даври интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2014 миёни дастаҳои фтуболи «Равшан»-и Кӯлоб ва чемпиони секаратаи Яман «Ал-Ярмук» санаи 2-юми феврал дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода таъин шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.