Рӯзи чоршанбеи 15 январи соли равон нашрияи нави «Ҳафта» бо теъдоди 1000 нусха дар Тоҷикистон ба табъ расид.
Ҳикматёри Ҳикматзод, сармуҳаррири «Ҳафта», ба
нашрияи Фараж»
гуфтааст, ин нашрия дар заминаи ҳафтаномаи «Овоза ва ҳақиқат» таъсис ёфтааст.
– Моҳи октябри соли гузашта ҳафтаномаи “Овоза ва ҳақиқат”-ро дар Вазорати фарҳанг дубора бо номи “Ҳафта” сабти ном кардем. Сармақоланависи мо журналисти маъруф Абдуқаюми Қаюмзод аст, ки дар нахустин шумора сӯҳбати ихтисосие бо Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат пешкаши хонанда кардааст. Умедворем, ки нашрия ба зудӣ хонандаи худро пайдо хоҳад кард, – иброз доштааст ба нашрия Ҳикматзод.
Гуфта мешавад, Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, ба ҳайси дабири нашрияи нави «Ҳафта» дубора ба арсаи журналистика баргашт.
Дар шумораи аввали ҳафтаномаи нав мусоҳиба бо шоири маъруфи тоҷик Мӯъмин Қаноат ба табъ расидааст, ки дар он шоир дар бораи дар шаҳри Волгогради Русия ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудани мактаб ва тайи чор соли ахир он қадр хуш надоштани ӯ дар телевизиони тоҷик ибрози андеша намудааст.



