Ифтитоҳи толори мурофиаи судӣ ва утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон дар Қӯрғонтеппа

Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон бо дастгирии ЮНИСЕФ (Хазинаи кӯдакони СММ) ва Шӯрои адлияи ҶТ толори мурофиаи судӣ ва утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон ифтитоҳ мегардад. Тавре аз намояндагии ЮНИСЕФ дар ҶТ хабар доданд, ЮНИСЕФ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати татбиқи Нақшаи амали миллӣ оид ба ислоҳот дар самти адолат нисбат ба ноболиғон барои солҳои […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон бо дастгирии ЮНИСЕФ (Хазинаи кӯдакони СММ) ва Шӯрои адлияи ҶТ толори мурофиаи судӣ ва утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон ифтитоҳ мегардад.

Тавре аз намояндагии ЮНИСЕФ дар ҶТ хабар доданд, ЮНИСЕФ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати татбиқи Нақшаи амали миллӣ оид ба ислоҳот дар самти адолат нисбат ба ноболиғон барои солҳои 2010-2015 дастгирӣ кардааст.

Бахше аз ин ҳамкориҳоро ҷорӣ кардани муносибати некхоҳона дар раванди мурофиаҳои судӣ бо ҷалби кӯдакони ҷабрдида, кӯдакони шоҳид ва кӯдакони дар низоъ бо қонун ташкил медиҳад.

Бо ин мақсад ЮНИСЕФ бо мусоидати молиявии Оҷонсии Швейтсарӣ оид ба рушд ва ҳамкорӣ фаъолияти муштаракро бо Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили зерин анҷом медиҳад:

1) Фиристодани судяҳои тахассусӣ ба давраи омӯзишӣ барои судяҳо оид ба масоили адолат нисбат ба ноболиғон;

2) Таҳияи барномаи омӯзишие, ки ба барномаи ҷории омӯзишии Маркази таълимии судяҳо ворид карда мешавад;

3) Мавҷудияти толори махсуси мурофиаи судӣ, ки нисбат ба кӯдакон некхоҳона аст;

4) Мавҷудияти утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон, ки бо системаи назорати видеоӣ таҷҳизонида шуда, аз ҷониби муфаттишон ва айбдоркунандагон барои пешгирии осебрасонии дубора ба кӯдак истифода мешавад

Дар доираи ин лоиҳа ҳафт толори мурофиаи судӣ ва чаҳор утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа кушода мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.