Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи беш аз 2 млрд. $ дар соли 2013

Соли гузашта дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 9 млрд.  936 млн. сомонӣ (беш аз 2 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд. Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,9% зиёдтар аст. Дар Агентӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар навбати аввал […]

ASIA-Plus


Соли гузашта дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 9 млрд.  936 млн. сомонӣ (беш аз 2 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,9% зиёдтар аст.

Дар Агентӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар навбати аввал ба афзоши ҳаҷми истеҳсол дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноат нисбат медиҳанд.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – 11,2, саноати коркард – 69,5 ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 19,3%-ро ташкил додааст.

Аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим соли гузашта дар 50 номгӯи он (55,6%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 28 номгӯй (31,1%) истеҳсоли он коҳиш ёфта, 12 номгӯи маҳсулот (13,3%) истеҳсол нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти Агентии омор таъкид мешавад, ки бинбар сабаби камбуди гази табиӣ, чанде аз корхонаҳои бузурги саноатии кишвар, аз ҷумла КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва ҶСК «Тоҷиксемент» бо иқтидори пурра фаъолият накарда, корхонаи муштараки «Азот» комилан аз фаъолият бозмонда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.