Аввалин барномаи радиои «Имрӯз» бо забони шуғнонӣ

Радиои мустақили «Имрӯз» бори нахуст ба пахши баронмаҳо бо забони шуғнонӣ оғоз кард. Азорабек Азорабеков, раҳбари тиҷоратии ширкати «Ориёно Медиа» рӯзи 15-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир шунавандагони радио барномаҳоро бо забони шуғнӣ метавонанд ҳар рӯз аз соати 12 то 15 рӯи мавҷи 107.4FM дар шаҳри Хоруғ бишнаванд. Азорабеков изҳор доштааст, […]

ASIA-Plus


Радиои мустақили «Имрӯз» бори нахуст ба пахши баронмаҳо бо забони шуғнонӣ оғоз кард.

Азорабек Азорабеков, раҳбари тиҷоратии ширкати «Ориёно Медиа» рӯзи 15-уми январ ба

Радиои Озодӣ

гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир шунавандагони радио барномаҳоро бо забони шуғнӣ метавонанд ҳар рӯз аз соати 12 то 15 рӯи мавҷи 107.4FM дар шаҳри Хоруғ бишнаванд.

Азорабеков изҳор доштааст, ки ин аввалин барномаҳои радиоӣ бо забони шуғнист, ки дар Тоҷикистон пахш мешаванд. Ҳадаф аз роҳандозӣ шудани барномаҳои радиоӣ бо забони шуғниро ин масъули радиои «Имрӯз» ба ҳифзи забонҳои помирӣ, аз ҷумла шуғнонӣ марбут медонад, ки бештар роиҷ будааст.

Дар бораи нахустин барномаҳои шуғнии радиои “Имрӯз” як шунаванда бо номи Сайёра чунин ибрози назар намудааст: «Дар Бадахшон ин аввалин радио ҳаст, ки бо забони шуғнонӣ пахш мешавад. Радиои «Имрӯз» ки дар Хоруғ пахш мешавад, барои мардуми онҷо хеле муҳим аст. Аслан ин барномаҳо, ки бо номи «Суханони падар» пахш мешавад, тарбиявӣ буда, барои аз байн нарафтани забонҳои мардуми Бадахшон мусоидат мекунад».

Қобили зикр аст, ки айни замон аҳолии Бадахшон наздик ба 250 ҳазор нафарро ташкил буда, ба ақидаи забоншиносон, 170 ҳазор нафари онҳо ба забонҳои помирӣ гуфтугӯ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.