Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе


Рӯзҳои 22-24-уми январи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ доир мегардад. Ҳайати Тоҷикистонро нахуствазир Қоҳир Расулзода ва ҳайати Русияро муовини раиси ҳукумати Русия Игор Шувалов роҳбарӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа баррасии 18 масъала оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар назар буда, ҳамчунин дар чаҳорчӯби кори ҷаласа бо иштироки намояндагони доираҳои тиҷратии Тоҷикистону Русия таҳти унвони «Русия – Тоҷикистон: Муколамаи тиҷоратӣ» конфронс созмон дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар қаламрави Тоҷикистон 125 корхонаи муштарак бо иштироки сармояи русиягӣ амал мекунанд, ки 15-то онҳо тайи се соли ахир таъсис дода шуданд. Аксари корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ҷойгиранд.

Соли 2013 ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русия 1 млрд. 29 млн. 355,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандлаи соли 2012 ба андозаи 3,6% камтар аст. Соли 2013 ҳаҷми содирот ба 123 млн. $ ва воридот ба 906 млн. $ расид.

Дар содирот Русия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон ба шумор рафта, 10,6% аз ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистонро ишғол мекунад. Дар ҳаҷми умумии воридот ба Тоҷикистон низ Русия пешсаф боқӣ монда, ҳиссаааш ба 22% баробар аст.

spot_imgspot_img

Популярное