Чорабиниҳои ҲХДТ оид ба эътидоли вазъ дар марз

Аз рӯзи сар задани муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамаи 24 ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шахри Исфара дар ҳамдастӣ бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мунтазам бо аҳолӣ кор бурда, аз онҳо даъват ба амал меоваранд, ки ба иғовогариҳо дода нашаванд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар деҳаҳои Чоркӯҳ, Сурх, Ворух […]

ASIA-Plus


Аз рӯзи сар задани муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамаи 24 ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шахри Исфара дар ҳамдастӣ бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мунтазам бо аҳолӣ кор бурда, аз онҳо даъват ба амал меоваранд, ки ба иғовогариҳо дода нашаванд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар деҳаҳои Чоркӯҳ, Сурх, Ворух ва Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ чор гурӯҳи мукаммали тарғиботию ташвиқотӣ ташкил карда шудааст, ки онҳо мунтазам дар байни мардум корбарӣ карда, аҳолиро асосан оид ба мавқеи устувори ҳукумат дар масъалаи мазкур, риояи якпорчагӣ ва дахлнопазирии он, фароҳам овардани ҳамаи шароит оид ба кору зиндагӣ шинос мекунанд. То ин дам аз тарафи гурӯҳи корӣ зиёда аз 109 мулоқоту вохӯриҳо доир карда шудааст.

«Бо дарки зарурият ва истифодаи имкониятҳо кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо ҷалби нерӯи аъзоён дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки аввалан аҳолӣ ва қишрҳои ниёзмандро бо пӯшокаву маводи ғизоӣ, маблағҳои пулӣ ва маводи сӯхт таъмин созад. Инчунин дар деҳаҳои Чоркӯҳу Ворух ва Хоҷаи Аъло дар ҳамҷоягӣ бо ҷамъияти матлуботи ноҳия бо нархи арзон молҳои ниёзи аввалия ба фурӯш бароварда шуд», – омадааст дар иттилои сомонаи расмии ҳизб.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.