Дар Дарвоз корхонаи коркарди мармар кушода мешавад

Корхонаи коркарди сангҳо бо номи «Корона Мрамор», ки сохтмонаш соли 2013 оғоз шуда буда, нимаи авали моҳи марти соли равон дар Дарвоз ба фаъолият шурӯъ мекунад. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Абдусалом Олимшоев, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз иттилоъ дод, корхонаи мазкур дар деҳаи Даштаки ноҳия воқеъ буда, иқтидори истеҳсолиаш дар […]

Суман Шаҳзода



Корхонаи коркарди сангҳо бо номи «Корона Мрамор», ки сохтмонаш соли 2013 оғоз шуда буда, нимаи авали моҳи марти соли равон дар Дарвоз ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Абдусалом Олимшоев, мудири бахши рушди иқтисод ва савдои дастгоҳи раиси ноҳияи Дарвоз иттилоъ дод, корхонаи мазкур дар деҳаи Даштаки ноҳия воқеъ буда, иқтидори истеҳсолиаш дар як сол аз 1500 то 1600 метри квадрати сангҳои кимматбаҳоро ташкил медиҳад. Бинои корхона барои истифода омода аст, аммо бояд таҷҳизот барои коркарди сангҳо, ки аз Душанбе дастрас мешаванд, васл карда шаванд

«Корхона дар муддати аввал метавонад зиёда аз 10 нафарро бо чойи кори доимӣ таъмин кунад. Мунтаззам дар сурати боло рафтани нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона шумораи коргарон аз ҳисоби шахсони бекори маҳаллу деҳото зиёд карда мешавад», – афзуд номбурда.

Ба гуфтаи Олимшоев, барои сохтмони корхона 1,5 млню сомони аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ сарф шудааст. «Корхона сангҳои ороиширо барои истифода дар кори сохтмонии беруни биноҳо, аз қабили мармар коркард месозад ва мақсад дорад фурўши ин намуд сангҳоро дар тамоми чумҳури ба роҳ монад. Дар корхона сангҳои маҳаллӣ коркард шуда, бо нархҳои нисбатан арзонтар ба бозорҳои кишвар содир карда мешаванд», – қайд кард Олимшоев.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.