Ҳимоятгари русиягии «Истиқлол» Тоҷикистонро тарк кард

Ҳимоятгари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Искандар Ҷалилов, ки ба ҳайати тими «Рубин»-и Қазон шомил аст, дар робита ба итмом расидани муҳлати қарордоди иҷора сафҳои дастаро тарк кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», Ҷалилов нимаи дуюми мавсими гузашта дар дастаи «Истиқлол» бозӣ карда, муҳлати иҷорааш ба охир расидааст. Гуфта мешавад, Искандар Ҷалилов тобистони соли […]

ASIA-Plus


Ҳимоятгари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Искандар Ҷалилов, ки ба ҳайати тими «Рубин»-и Қазон шомил аст, дар робита ба итмом расидани муҳлати қарордоди иҷора сафҳои дастаро тарк кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», Ҷалилов нимаи дуюми мавсими гузашта дар дастаи «Истиқлол» бозӣ карда, муҳлати иҷорааш ба охир расидааст.

Гуфта мешавад, Искандар Ҷалилов тобистони соли гузашта ба иҷора гирифта шуда, бори нахуст дар вохӯрии чаҳорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо дастаи «Истаравшан» (2:1) дар сафи дастаи «Истиқлол» ҳунарнамоӣ кард. Муддати дар сафҳои дастаи «Истиқлол» қарор доштанаш Ҷалилов дар 8 вохӯрӣ бозӣ карда, ҳамроҳи даста ба медалҳои нуқраи чемпионат ва Ҷоми Тоҷикистон соҳиб гардид.

Искандар Ҷалилов 1-уми июни соли 1992 ба дунё омада, дастпарвари мактаби тими футболи ССКА-и Маскав мебошад. Ӯ дар дастаҳои ҷавонони ССКА (солҳои 2008-2010), дастаи ҷавононони тими «Рубин» (2010-2012) ва давоми солҳои 2012-203 дар дастаи «Нефтехимик», тими лигаи олии «Турну Северин»-и Руминия ва ахиран дар дастаи «Истиқлол» ҳунарнамоӣ кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.