Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев роҳбари фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар палатаи поёнии парлумон интихоб шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, Фелалиев ба ҷойи Махфиарт Хидирова, ки дар робита ба таъин шудан ба вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ курсии ваиклиро тарк карда буд, роҳбари фраксияи ҲХДТ интихоб гардид.
А.Фелалиев 28-уми феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуда буд.
Фелалиев 8 июни соли 1958 дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, факултети биологияи Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм кардааст, номзади илмҳои биология, доктори илмҳои кишоварзӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вазифаҳои коргари КСМ – 148, шаҳри Хоруғ, сарагрономи идораи «Сельхозхимия» – и ВМКБ, лаборанти калони лабораторияи мевапарварии Пажӯҳишгоҳи биологии Помири Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири лабораторияи мевапарварӣ ва котиби илмии Пажӯҳишгоҳи биологии Помири Академияи илмҳо кор кардааст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолӣ (2005 – 2010). Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот. Узви Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагон. Муовини раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон.
Дорандаи Ордени «Шараф» дараҷаи 1. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.



