Акрамшо Фелалиев роҳбари фраксияи ҲХДТ дар парлумон интихоб шуд

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев роҳбари фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар палатаи поёнии парлумон интихоб шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, Фелалиев ба ҷойи Махфиарт Хидирова, ки дар робита ба таъин шудан ба вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди […]

Аваз Юлдошев


Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев роҳбари фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар палатаи поёнии парлумон интихоб шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, Фелалиев ба ҷойи Махфиарт Хидирова, ки дар робита ба таъин шудан ба вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ курсии ваиклиро тарк карда буд, роҳбари фраксияи ҲХДТ интихоб гардид.

А.Фелалиев 28-уми феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуда буд.

Фелалиев 8 июни соли 1958 дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, факултети биологияи Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм кардааст, номзади илмҳои биология, доктори илмҳои кишоварзӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар вазифаҳои коргари КСМ – 148, шаҳри Хоруғ, сарагрономи идораи «Сельхозхимия» – и ВМКБ, лаборанти калони лабораторияи мевапарварии Пажӯҳишгоҳи биологии Помири Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири лабораторияи мевапарварӣ ва котиби илмии Пажӯҳишгоҳи биологии Помири Академияи илмҳо кор кардааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолӣ (2005 – 2010). Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот. Узви Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагон. Муовини раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон.

Дорандаи Ордени «Шараф» дараҷаи 1. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.