Муовинони раиси шаҳри Душанбе дар умури нақлиёту коммуникатсия Абдулҳак Оев ва бахши тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва соҳаи иҷтимоӣ Санавбар Раҳимова аз мансабҳояшон сабукдӯш шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, тибқи мувофиқа бо сарвари давлат, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҷойи А.Оев собиқ вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимовро муовини худ таъин кард.
Ба иттилои сарчашмаи хабар, ба ҷойи Санавбар Раҳимова собиқ муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова муовини дигари раиси пойтахт таъин шудааст.



